Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПАТЕНТУ ИТТИЛООТНамунаи бланкаҳо
Истинодҳо
|
Хабарҳо
2012-05-15Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳа оид ба истеҳсоли саноатии маводи патентӣ-иттилоотии минтақавии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар CD -ROM (CISPATENT)
Рӯзҳои 15 ва 16 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳа оид ба истеҳсоли саноатии маводи патентӣ-иттилоотии минтақавии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар CD -ROM (CISPATENT) баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур мутахассисони Муассиса, намояндагон аз идораҳои патентии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Идораи патентии Авруосёгӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
2012-05-08
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ва 19-ӯмин солгарди таъсисёбии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 8 майи соли 2012 дар маҷлисгоҳи МД ММПИ бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ва 19-умин солгарди таъсисёбии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» -и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ, Ассотсиятсияи дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон ва дигар олимон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси мазкурро Муовини якӯми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фақеров Ҳамидулло Нуриддинович бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд ва баъд аз он Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илолов М.И., Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» -и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Ҷ.Ҷ. ва Раиси Ассотсиятсияи дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Ўлҷабоева М. суханронӣ намуданд.
2012-04-22
Вохӯрии Директори Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот Қурбонов Ҷ.Ҷ. бо роҳбари лоиҳаи махсуси Палатаи савдо ва саноати Венетсия- Италия ҷаноби Роберто Сандрини
21 апрели соли ҷорӣ Директори Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Ҷ.Ҷ. роҳбари лоиҳаҳои махсуси Палатаи савдо ва саноати Венетсия – Италия Роберто Сандриниро ба ҳузур пазируфт.
Мавзӯи муҳокима масъалаҳое буданд, ки ба рафти иҷрои лоиҳаи CASIPSMEs дар Тоҷикистон дахл доштанд. Лоиҳаи ИССА-МСП (Моликияти зеҳнии Осиёи Марказӣ барои муассисаҳои соҳибкории хурду миёна ба забони англисӣ CASIPSMEs) аз ҷониби департаменти комиссияи европоӣ EuropeAid маблағгузорӣ карда мешавад. Ин тадқиқоти базавӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо ва омӯзиши пилотӣ барои муассисаҳои хурду миёна дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Дар рафти мулоқот инчунин имкониятҳои дутарафа дар байни МД ММПИ ва Идораи патентии Италия дар масъалаи мубодилаи таҷрибаҳо, баландбардории касбии коршиносон, ҷалби муассисаҳои хурду миёна дар раванди инноватсионӣ бо истифода аз моликияти зеҳнии худ муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, тарафҳо омодагии худро ба чорабинии дар оянда беҳгардонии ҳамкориҳои дутурафаи МД ММПИ бо палатаи савдо ва саноат ва идораи патентии Италия баён намуданд.
2012-03-07
Маҷлиси тантанавии МД ММПИ бахшида ба «Рӯзи модар»
Рӯзи 7 марти соли 2012 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона бахшида ба «Рӯзи модар» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ табрик намудани занон ва бонувони МД ММПИ бо «Рӯзи модар» буд. Директори МД ММПИ- Қурбонов Ҷ.Ҷ. ва якчанд кормандон баромад карда занону бонувонро бо ин иди фархунда муборакбод гуфтанд. Дар охир як қатор занҳои фаъоли МД ММПИ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
2012-03-02
Баргузории чорабинии фарҳангию фароғатии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба «Рӯзи модар» дар МД ММПИ

Рӯзи 2 марти соли 2012 дар маҷлисгоҳи МД ММПИ чорабинии фараҳангию фароғатии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба «Рӯзи модар», таҳти унвони «Мулоқоти ду насл», баргузор гардид.
Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Сафаров С.Ғ.- муовини аввали Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон гузаронида шуд ва дар рафти он намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар адибону олимони кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар суханрони намуданд.
Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур аз мактабҳои олии кишвар донишҷӯдухтарони фаъол ва бонувон фаъолона ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур табрик намудани донишҷӯдухтарон ва бонувони фаъоли Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи модар буд.




